Дар Вашингтон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории бонкӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории бонкӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел дар Вашингтон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба ҳамкории кунунӣ дар самти кумаки техникии Бонки миллии Швейтсария оид ба рушди иқтидор (capacity building) ва ҳамкории минбаъда оид ба рақамисозӣ ва масоили иқлимӣ, шаклҳои пешниҳоди кумаки техникӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд. Изҳор дошта шуд, ки робитаҳои дӯстона ва самарабахш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария минбаъд низ тақвият меёбанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки сармоягузории фаромиллии швейтсариии «UBS» мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамкории молиявӣ, тамоюли сармоягузорони соҳибихтиёр, вазъи бозори молиявию хавфҳои мавҷуда ва имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






