Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазъи фаъолияти муассисаҳои таълимии вилояти Суғдро шарҳ доданд

Октябрь 29, 2024 08:46

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 959 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ (0,8 фоиз), 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (4,3 фоиз), 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (87,4 фоиз), 34 гимназия (3,5 фоиз), 28 литсей (3 фоиз), 1 мактаби президентӣ (0,1 фоиз) ва 8 мактаб-интернат (0,9 фоиз) фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки таҳсили умумӣ барои ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани кӯдакону наврасон нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи доимӣ талаб менамояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба рушду инкишофи ин зинаи таҳсил мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба иттилои сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Шарофиддин Асомиддинзода, бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бобати ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифтани хонандагон аз 48 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолият менамуданд, дар соли таҳсили 2024-2025 6 адад (12,5 фоиз) ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

«Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 12, Айнӣ 10, Кӯҳистони Мастчоҳ 8, Масчоҳ 4, Исфара 3 ва Ашт 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамоянд, ки ин ҳолатро метавон чун нишони бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба амалӣ гардидани ин талабот арзёбӣ намуд», -иброз дошт сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 578 343 нафар (283 750 – 49 фоиз духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7780 хонанда зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои таълимии шарҳу ноҳияҳои вилоят 37 610 нафар омӯзгор (26 632 зан (70,8 фоиз) ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 32 157 нафар (85,4 фоиз) дорои таҳсили олӣ, 1560 нафар (4,3 фоиз) дорои таҳсили олии нопурра ва 3893 нафар (10,3 фоиз) дорои таҳсили миёнаи касбӣ мебошанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар соли таҳсили 2023-2024 37027 омӯзгор фаъолият менамуд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2024-2025 ба 37 610 омӯзгор расидааст, ки нисбат ба соли 2023 583 омӯзгор зиёд мебошад.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 3893 (10,3 фоиз) омӯзгор бо таҳсили миёнаи касбӣ фаъолият менамояд. Яъне, нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 98 омӯзгори дорои таҳсили миёнаи касбӣ кам ва 579 нафар омӯзгор бо таҳсилоти олии касбӣ зиёд гардидааст.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла Мастчоҳ 423 (23,6 фоиз), Истиқлол 24 (14,2 фоиз) ва Ашт 358 (11 фоиз)-и омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд.

Инчунин ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 23,1 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ 21,2 фоиз ва Шаҳристон 12,1 фоизро ташкил медиҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо бетаъсир монда наметавонад.

Барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди педагогӣ дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 338 донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-и равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 29, 2024 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид