ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Хатлон нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори аввал дар рӯзи якум пурра таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мужда доданд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон дар рӯзи якум 100 фоиз таъмин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бори аввал нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар қаламрави вилояти Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар вилоят дар рӯзи аввал ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст шуда, ҷавонони шуҷоъ ва далери Хатлон ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор шуданд.
Наваскарон дар муддати 10 рӯз ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад.
Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад






