ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ! Ҷавонони далери ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд

Октябрь 2, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 170 ҷавони далеру шуҷои Ватан аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси меҳанпарастӣ ба комиссариати ҳарбӣ омада, ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад.

Ба ин хотир 1 октябр дар саҳни Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия ҳамоиши гусели тантанавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд».

Дар маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Гулхона 100 фоиз, Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав 100 фоиз ва Ҷамоати деҳоти Деҳмой 100 фоиз нақшаи даъватро иҷро намуданд. Инчунин Ҷамоати шаҳраки Меҳробод 71 фоиз, Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 87 фоиз ва Ҷамоати деҳоти Сомониён 74 фоиз нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Раиси ноҳия ба падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва бономус аз номи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия изҳори сипос намуд.

Таъкид шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ баҳри ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ, истиқлоли давлатӣ ва сулҳу оромии мардум бошарафона хизмат карда, ба савганди худ ҳамеша содиқ монда ва оинномаи ҳарбиро сарбаландона иҷро менамоянд.

Бо маросими нонгазон ва барномаи рангини фарҳангӣ ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

Октябрь 2, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд