Хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Ҳисор Некрӯз Саидниёзов бо истеъдоди нотакрораш дар номинатсияи сарояндагӣ, дар жанри шашмақом дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» сазовори ҷойи якум гардида, бо туҳфа, Диплом ва 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Некрӯз дар озмун бо ҳунари баланд ва иҷрои аълояш ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати амиқ нисбат ба фарҳанги тоҷиконро ба намоиш гузошт. Дастовардҳои ин озмун нишони он ҳастанд, ки ҷавонони мо ба фарҳанг ва суннатҳои аҷдодии худ, аз ҷумла мусиқӣ эҳтиром ва таваҷҷуҳ доранд.
Бояд гуфт, ки 5 октябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид. Дар он гирандагони Шоҳҷоиза бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва мукофот сарфароз гардонида шуданд. Ҳадафи «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд ва тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ баргузор мегардад. Маблағи умумии мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






