Пагоҳ Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, «Оши палов» ва Иди себу ангур доир мегардад

Октябрь 19, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашни Меҳргон мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ маҳсулоташонро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Кумитаву идораҳои давлатӣ дар ин ҷашнгоҳ дастовардҳои соҳаи худро пешниҳод менамоянд. Инчунин дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 19, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд