Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 17, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Октябрь 17, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид