Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар ҷараёни он гирандагони Шоҳҷоиза бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва мукофот сарфароз мегарданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст. Давоми шаш сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз шуда, то ба сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ ва қадрдонӣ мешаванд».
Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳангҳо иҷро гардиданд.
Имсол дар даври аввали озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 785 000 (се миллиону ҳафсаду ҳаштодупанҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






