ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ аст

Октябрь 15, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 15 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон эълон гардидааст. Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, рушди мунтазами он яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ мебошанд.

Тавре сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иброз намуд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тамоми ин дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва имтиёзу имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат вобаста мебошанд. Барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд, ки натиҷаи он таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва фаровонҳосилӣ мебошад.

«Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 3,5 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2023 суръати рушд 107,9 фоизро ташкил дода буд). Дар нуҳ моҳи соли равон дар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1506,7 ҳазор тонна, пахта ба 103,8 ҳазор тонна, картошка ба 937,4 ҳазор тонна, сабзавот ба 2669 ҳазор тонна, полезӣ ба 1028,3 ҳазор тонна, мева ба 614,8 ҳазор тонна, ангур ба 196,3 ҳазор тонна, гӯшт ба 213,6 ҳазор тонна, шир ба 723,3 ҳазор тонна, тухм ба 891,3 миллион дона, пашм ба 7435,2 тонна, асал ба 4259,7 тонна ва моҳӣ ба 2908,6 тонна расонида шудааст»,-гуфт Баҳодур Назаров.

Таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии рушди соҳаи кишоварзӣ

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имсол барои рушди соҳаи кишоварзӣ якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, лоиҳаву Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», «Дар бораи Тартиби бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи Тартиби дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда», фармоишҳои Вазорати кишоварзӣ «Дар бораи Тартиби таъмини ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ» ва «Дар бораи Тартиб ва қоидаҳои амалисозии фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ» таҳия шуда, тибқи тартиби муқарраргардида қабул гардиданд.

Ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», «Дар бораи Барномаи табдили рақамии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) барои як гектар замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ» таҳия гардида, дар баррасии сохторҳои дахлдори давлатӣ қарор доранд.

Самти растанипарварӣ

Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар масоҳати 861,1 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд.

Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обёришуда ва гирифтани 2 ё 3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мамлакат то моҳи сентябри соли равон 117,7 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар маҷмуъ 1,1 ҳазор гектар ё 0,9 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2025 дар ҷумҳурӣ шудгор ва кишти тирамоҳӣ идома дошта, вобаста ба шароити агроиқлимии шаҳру ноҳияҳо хоҷагиҳои ҷамоавӣ то имрӯз дар 27,7 ҳазор гектар шудгор гузаронидаанд.

Самти чорводорӣ

Баҳодур Назаров иброз намуд, ки таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм аз рушди соҳаи чорводории мамлакат вобаста аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2747,6 ҳазор сар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,6 ҳазор ё 4,6 фоиз зиёд) мебошад.

Ба гуфти масъулини вазорат, дар ҷумҳурӣ талаботи сокинон ба моҳӣ бештар гардидааст. Дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати 2791,4 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 миқдори хоҷагиҳо 15 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад. Имсол 2909 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 128 тонна зиёд мебошад.

Занбӯрпарварӣ низ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 275,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ва дар ин давра 4260 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки соҳаи парандапарварӣ низ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Дар мамлакат шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.

«Имрӯзҳо тавассути парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимии мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ болоравии нархи сабзавоти барвақтӣ дар бозорҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳоло барои кишоварзон дар асосии талаботи қонунгузории мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то бо дили гарм ва меҳнати софдилона ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул шуда, амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд», -иброз дошт Баҳодур Назаров.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 15, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд