Имрӯз рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад

Октябрь 3, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз солгарди таъсисёбии «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад. 3 октябри соли 1959 якумин маротиба Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти мамлакат буд. Акнун барномаҳои телевизиони тоҷикро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони давлатҳои Осиё ва Аврупо- аз Ҷопон то Фаронса ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз «Телевизиони Тоҷикистон» марҳилаҳои гуногуни рушдро гузашта, имрӯз бо 24 соати пахши барномаҳо бо панҷ забон ва тавассути пахши дақиқияташ баланд – HD дар пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат нақши муносиб мегузорад.

Тавассути «Телевизиони Тоҷикистон» дар рӯзҳои аввал то якуним соат барномаҳо пахш карда мешуд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд.

2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият оғоз кард ва аз 1 июли ҳамон сол пахши намоишҳо ҳамарӯза гардид.

Имрӯз «Телевизиони Тоҷикистон» чун яке аз расонаҳои тарғибгари давлату ҳукумат фаъолияти босамар дошта, ҳамарӯза дастовардҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегарданд, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Бо тақозои замон телевизиони тоҷик ба техникаи нави рақамӣ гузашта, барномаҳо тавассути техникаи муосир танзим ва пахш карда мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид