«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи шаҳри Душанбе пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони маҳаллаҳои рақами 84, Зарафшон-1 ва Испечак-2-и шаҳри Душанбе акнун имкон доранд «Интернет барои хона»-ро аз аввалин оператори имконияти нави рақамӣ пайваст намоянд. Хизматрасонӣ ба сокинони боз зиёда аз 9 ҳазор манзили истиқоматии пойтахт дастрас гардид.
Барои истифодаи интернети хонагӣ дар заминаи технологияҳои GPON кофӣ аст, ки ба телефони 4747 занг зада, дархост гузоред. Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасониро давоми шабонарӯз пайваст менамоянд.
Тарофаро метавон дар сомонаи оператор интихоб намуд. Ба муштариён ҳам намудҳо бо пардохти моҳона ва ҳам намудҳои дигар бо пардохти нисбатан муфиди солона пешниҳод карда мешаванд. Масалан, «Солона барои хона 2» 550 сомонӣ арзиш дорад. Маблағи сарфашаванда дар муқоиса бо пардохти моҳона вобаста ба тарофа 374 сомонӣ ва зиёдтар маблағро ташкил медиҳад. Муштариён метавонанд тарофаҳою хизматрасонии худро мустақилона ба тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» идора намоянд.
«Мо ба нақша гирифтаем, ки «Интернет барои хона»-ро дар тамоми ҳудуди Душанбе паҳн намоем. Дар баробари ин, мо на танҳо хизматрасониро дар маҳаллаҳои нав дастрас мегардонем, инчунин сифати интернети ноқилиро дар ҷойҳое, ки он аллакай вуҷуд дошт, такмил медиҳем. Ҳамин тавр, мо дар маҳаллаи Гипрозем муосиркунонии шабакаро ба амал бароварда, технологияҳои пайвасткуниро аз дастрасии собит фарохмаҷро ба GPON тағйир додем. Акнун интернет-пайвастагӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ бо неруи барқи берунӣ вобастагӣ надорад. Хабарҳоро пайгирӣ намуда, пайдо шудани «Интернет барои хона»-и устувору босуръатро дар кӯчаи худ мунтазир шавед!», – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди дастрасии собит фарохмаҷрои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






