«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи шаҳри Душанбе пайдо шуд

Октябрь 3, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони маҳаллаҳои рақами 84, Зарафшон-1 ва Испечак-2-и шаҳри Душанбе акнун имкон доранд «Интернет барои хона»-ро аз аввалин оператори имконияти нави рақамӣ пайваст намоянд. Хизматрасонӣ ба сокинони боз зиёда аз 9 ҳазор манзили истиқоматии пойтахт дастрас гардид.

Барои истифодаи интернети хонагӣ дар заминаи технологияҳои GPON кофӣ аст, ки ба телефони 4747 занг зада, дархост гузоред. Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасониро давоми шабонарӯз пайваст менамоянд.

Тарофаро метавон дар сомонаи оператор интихоб намуд. Ба муштариён ҳам намудҳо бо пардохти моҳона ва ҳам намудҳои дигар бо пардохти нисбатан муфиди солона пешниҳод карда мешаванд. Масалан, «Солона барои хона 2»  550 сомонӣ арзиш дорад. Маблағи сарфашаванда дар муқоиса бо пардохти моҳона вобаста ба тарофа 374 сомонӣ ва зиёдтар маблағро ташкил медиҳад. Муштариён метавонанд тарофаҳою хизматрасонии худро мустақилона ба тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» идора намоянд.

«Мо ба нақша гирифтаем, ки «Интернет барои хона»-ро дар тамоми ҳудуди Душанбе паҳн намоем. Дар баробари ин, мо на танҳо хизматрасониро дар маҳаллаҳои нав дастрас мегардонем, инчунин сифати интернети ноқилиро дар ҷойҳое, ки он аллакай вуҷуд дошт, такмил медиҳем. Ҳамин тавр, мо дар маҳаллаи Гипрозем муосиркунонии шабакаро ба амал бароварда, технологияҳои пайвасткуниро аз дастрасии собит фарохмаҷро ба GPON тағйир додем. Акнун интернет-пайвастагӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ бо неруи барқи берунӣ вобастагӣ надорад. Хабарҳоро пайгирӣ намуда, пайдо шудани «Интернет барои хона»-и устувору босуръатро дар кӯчаи худ мунтазир шавед!», – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди дастрасии собит фарохмаҷрои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

Октябрь 3, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст