Масъалаҳои татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба гуногунии биологӣ ва санадҳои он дар Тоҷикистон, инчунин якчанд иқдоми марбута зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Котиби иҷроияи Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ хонум Астрид Шомакер дар ҳошияи Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP16), ки дар шаҳри Калии Колумбия доир гардид, баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи глобалии «Дастгирии амалҳои пешакӣ оид ба Чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ»-ро, ки ба арзёбии стратегияҳои қаблии гуногунии биологӣ ва муайян намудани ҳадафҳои нав мутобиқи «Чорчӯбаи глобалии гуногунии биологии Кунминг- Монреал барои давраи то соли 2030» нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои лоиҳаи таҷдиди стратегияи миллӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба гуногунии биологӣ ва омодасозии коммуникатсияи 7-уми миллӣ, ки оғози татбиқи он то соли 2025 пешбинӣ шудааст, матраҳ шуданд.
Аз ҷониби Баҳодур Шерализода ҳамчунин масъалаҳои татбиқи ташаббусҳо дар соҳаи ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои ирсӣ ва таъмини амнияти биологӣ дар доираи протоколҳои ин конвенсия мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, ин протоколро ба тасвиб расонид ва оид ба таҳкими сиёсат ва зарфияти институтсионалии идораҳои дахлдор якчанд ташаббусро амалӣ намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






