Масъалаи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд бо роҳбарони ширкатҳои чинии «Shandong Ducrling Group» ва «Ujiha Study Abroad Consulting service» мулоқот намуд, ки зимни он ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои бунёди корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ, бунёди биноҳои баландошёна ва инфрасохтори зарурӣ барои шаҳракҳои навбунёд, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби ҷавонон ба донишгоҳҳои Чин мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон ҳамкорӣ дар бахши истеҳсол ва истифодаи панелҳои офтобӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти бунёду навсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






