МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Имсол дар Тоҷикистон онро бо баргузории Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ҷашн мегиранд

Октябрь 17, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Иди Меҳргон Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад. Дар фестивал-намоиш навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ, таомҳои аз биринҷ омодашуда, намунаи техникаи кишоварзии барои парвариши он истифодашаванда, инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ манзури тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешаванд.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав ва картошкаи пешпазак бештар шолӣ кишт карда мешавад. Дар мамлакат бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ кишти шолӣ бо тарзу усули нав, яъне бо ниҳолчаҳо парвариш карда мешавад, ки ин обу вақтро сарфа менамояд.

Тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Махсусан барои Тоҷикистон рушди соҳаи шолипарварӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст, бемисл аст.

Дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ, аз ҷумла девзира, оқпар, ҷойдорӣ, миёнколӣ, сурх ва ғайра парвариш карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 15 килограмм рост меояд.

Ин навъи маҳсулотро дар мамлакати мо ҳар оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон ба муддати дароз нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар ва дар ҷойи сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд.

Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намесозад. Бояд гуфт, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода истифода шудааст.

Ба гуфти табибон, биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст ва бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷитакро меравонад.

Дар таркиби биринҷ 78 фоиз карбогидратҳо мавҷуд буда, он аз тиамин-В1, рибофлавин-В2, ниатсин-В3, В6 ва витаминҳои Е бой аст. Аз сабаби зиёд будани калий дар таркибаш он миқдори намакеро, ки бо маҳсулоти дигар ба организм ворид мешавад, ба эътидол меорад.

Аз сабаби он ки дар таркиби биринҷ умуман намак мавҷуд нест, онро ҳамчун ғизо ба афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, гурда ва онҳое, ки мехоҳанд вазни худро гум кунанд, тавсия медиҳанд.

Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором мекунанд ва ба пӯст, нохун ва мӯй беҳбудӣ мебахшанд.

Табибон шифобахшии биринҷро таъкид намуда, хӯрдани онро барои рафъи чандин бемориҳо тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 17, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид