МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар

Октябрь 6, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ дарҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ ва тафоҳумро бо тамоми мамлакатҳои олам боз намуда, бо аксари давлатҳои сайёра муносибати мутақобили судманд дорад. Бо шарофати сиёсати хориҷии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муносиботи судманд пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

Дар таъйини самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба назар гирифтани умумияти фарҳангӣ ва мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар робита ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон масъалаи ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми давлатҳоеро, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди мутақобил ҳамкорӣ кунанд, матраҳ намуда буданд.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои арабӣ робитаи нек дошта, ин муносибатҳои судманд мунтазам тавсеа меёбанд. Ин аст, ки аз соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо мамлакатҳои арабиро тавсеа дод.  Дар ин сол Президенти Тоҷикистон ба якчанд давлатҳои арабӣ, аз ҷумла, моҳи феврали соли 2007 ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Сурия, моҳи апрел ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва моҳи майи ҳамон сол ба Давлати Қатар сафари расмӣ намуданд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва шартномавии муносибатҳоро фароҳам оварда, барои тавсеаи ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид. Баъд аз ин сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар ва инчунин сафарҳои расмии президенти Давлати Қатар ба Тоҷикистон пайваста давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуданд.

Сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 2 октябри соли равон анҷом дода шуд, далели ҳамкории судманд байни ду давлат мебошад. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати Қатар cафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамкории судманд бо давлати Қатар ва таҳкими дӯстиву рафоқат бо ин мамлакати пешрафтаи арабӣ ва ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон дар ин сафар дар чанд маврид бо намояндагон ва шахсиятҳои барҷастаи Давлати Қатар мулоқот анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ, бо  Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ, бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Инчунин дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин нишастро таҳти унвони «Дипломатияи варзишӣ» бо назардошти аҳамияти он ҳамчун платформаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон қобили қадрдонӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат ҷумҳурии моро ташаббускори рушди варзиш номида, Тоҷикистонро тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва тарбиятгари насли ҷавон дар ин руҳия муаррифӣ намуданд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки моҳи майи соли равон бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, шаъну шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии тарғибгари варзиш боз ҳам баланд бардошт.

Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо бар ин боварем, ки мамлакатҳои минтақаи Осиёро, бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои бой мебояд, то ба эҳёи  намудҳои гуногуни варзиши миллиашон, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Тоҷикистон маҳз бо мақсади пайгирии ин ҳадаф моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ- як намуди варзиши миллии мардуми тоҷикро баргузор намуд, ки дар он варзишгарон аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Пешвои миллат дар ин баромади пурмуҳтаво иштирокчиёни нишастро эътимод бахшиданд, ки Тоҷикистон пайваста тарзи ҳаёти солим ва варзишро пайгирӣ намуда, дар ин росто ҷомеаи ҷаҳонро низ ба ин тарзи ҳаёти солим даъват менамояд.

Инчунин дар ин cафар Президенти Тoҷикиcтoн муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн дар шаҳри Давҳа бo Вазири давлатӣ oид ба ҳамкoрии байналмилалии Давлати Қатар, муoвини Раиcи Фoнди Қатар oид ба рушд хoнум Луълуъ Ал-Хoтир мулoқoт намуда, маcъалаҳoи гуcтариши ҳамкoрии Тoҷикиcтoн бo муаccиcаи бoнуфузи мададраcoнро барраcӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн Давлати Қатаррo яке аз шарикoни муҳими тиҷoратию иқтиcoдӣ ва cармoягузoрии Тoҷикиcтoн нoмида, бo итминoн изҳoр дoштанд, ки ҳамкoрии ҷумҳурии мo ва Фoнди Қатар oид ба рушд ба таври назарраc гуcтариш хoҳад ёфт.

Ҷoнибҳo oид ба cармoягузoрии Қатар ба coҳаҳoи энергетика, cанoат, кишoварзӣ ва дигар бахшҳoи афзалиятнoки иқтиcoди Тoҷикиcтoн табoдули андеша намуданд.

Ҷалби cармoяи қатарӣ ба лoиҳаҳoи иcтихрoҷу кoркарди канданиҳoи фoиданoк, таъcиcи кoрхoнаҳoи иcтеҳcoл ва coдирoти маҳcулoти кишoварзии аз лиҳoзи экoлoгӣ тoза ва oби муcаффoи oшoмиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳoи асосии cуҳбат буд.

Аз иштирoки cармoягузoрoни қатарӣ дар татбиқи лoиҳаҳoи таҳкиму тавcеаи зерcoхтoри cайёҳӣ ва cанoати дoруcoзӣ дар Тoҷикиcтoн иcтиқбoл карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъcиcи «Фoнди муштараки иқтиcoдӣ ва cармoягузoрӣ» бo мақcади маблағгузoрии лoиҳаҳoи афзалиятнoки  Тoҷикиcтoн ба манфиати кoр хoҳад буд.

Тарафҳo ҳамчунин oид ба дигар cамтҳoи ҳамкoрии oяндадoр гуфтугӯйи cудманд анҷoм дoданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Давлати Қатар аввалин мамлакати арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намудааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад, ки ҳаҷми умумии сармояи ин ду тарҳ зиёда аз 300 миллион долларро ташкил медиҳад.

Робитаи неки Тоҷикистон бо Қатар пайваста густариш ёфта, заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ низ байни ду ҷумҳурии дӯст афзоиш меёфт. Бо назардошти аҳамияти вижаи робитаи мутақобилан судманд моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, дар идома инчунин моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд.

Президенти Тоҷикистон соли 2022 зимни мусоҳиба бо рӯзномаи қатарии «Аш-Шарқ» боздиди Амири Давлати Қатар аз Тоҷикистонро баёнгари сатҳи олии робита бо ин давлат тавсиф намуда буданд: «Боздиди Волоҳазрат аз ҷумҳурии мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду мамлакати дӯст аст».

Ҳамин тавр, муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Қатар дар доираи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми манофеи ҳамдигарӣ мунтазам рушду тавсеа меёбад ва муносибатҳои гуногунҷабҳа байни ду мамлакати дӯст давра ба давра ва бештар аз пеш таҳким меёбанд.

Президенти Тоҷикистон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ байни ду мамлакати бародар- Тоҷикистон ва Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, зимни мулоқот бо намояндагони расмии ҷониби қатарӣ пайваста изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Дар робита ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қатар Сарвари давлат ҳини мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи «Ал-Ҷазира» таъкид дошта буданд, ки «мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки ба мамолики араб доштем, чӣ сафарҳои расмӣ ва чӣ сафарҳои корӣ, барои ҳузури бештар фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Ҳамкории мо – бештар ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо мамлакатҳои арабӣ, ба мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст».

Давлати Қатар яке аз бойтарин мамлакатҳои арабӣ буда, иқтидори бузурги сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои мухталифро доро мебошад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш муносибатҳои нек ва судмандро бо Қатар пеш гирифта аст. Машваратҳои сиёсие, ки бо дастури роҳбарони олии ду давлат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ташкил карда шуданд, умед аст дар тавсеаи пояҳои шартномавӣ ва ҳуқуқии асноди ҳамкории гуногунҷанба мусоидат менамоянд.

Умедворем, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ба ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлат таҳкими бештар мебахшад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд