Нақши соҳибкорони Панҷакент дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст

Октябрь 14, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент 9666 нафар соҳибкор сабти ном шудааст, ки назар ба соли2023 624 нафар бештар мебошад. Чунин иброз гардид дар чорабиние, ки дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш нақши соҳибкорон дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр таъкид гардида, саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, бору мусофиркашонӣ, ғанӣ гардонидани буҷет, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон дар шаҳри Панҷакент соли равон бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон форумҳои беҳдошти саводи молиявӣ баргузор гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо фарогирии 74,2 ҳазор нафар баҳрагирандагон сардхона, агроҷангал ва боғҳои интенсивӣ, гармхона ва мурғхона бунёд шуд. Дар ин замина ба соҳибкорон дар ҳаҷми 226,8 миллион сомонӣ маблағҳои қарзи бонкӣ дода шуданд.

Дар анҷом як зумра соҳибкорони муваффақ бо «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Октябрь 14, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад