НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии нон

Октябрь 16, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии нонпазон ва қаннодон Рӯзи ҷаҳонии нон интихоб гардидааст. Зеро он яке аз маҳсулоти муҳим ва зарурӣ барои инсон мебошад. Интихоби ин сана ба он вобаста аст, ки 16 октябри соли 1945 Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст.

Нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон маҳсуб мешавад. Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад, ки муқаддас донистани нон шаҳодат медиҳад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан, ки ҳар яке рамзи худро дорад. Ҳамин эҳтиром ба нон аст, ки деҳқонони тоҷик аз қадим то имрӯз аввалин зироатеро, ки кишт менамоянд, ин гандум аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол кишоварзони мамлакат дар 207 620 гектар гандум кишт намуданд. То аввали моҳи октябр ҳосили умумӣ 648 480 тонна гандумро ташкил намуд, ки ба ҳар гектар 31,3- сентнерӣ рост меояд. Гандум яке аз навъҳои муҳимтарини зироати хӯрокворӣ мебошад. Дони гандум серғизо ва серкалория буда, захираи он аз ду сол зиёд нигоҳ дошта мешавад.

Аз гандум орду ярма мекашанд, аз ордаш маҳсулоти макаронию қаннодӣ тайёр мекунанд. Аз дони он оҳар, спирт, равған ва ширешак (клейковина) истеҳсол менамоянд. Пахоли гандум барои истеҳсоли коғаз, картон ва ғайра низ истифода мешавад. Коҳи гандум хӯроки хуби чорвост.

Ба тавсияи олимони кишоварзӣ, гандум зироати обталаб аст. Бинобар ин, дар заминҳои обӣ ду ҳосили фаровон мегиранд. Барои кишти тирамоҳӣ гандуми навъҳои «Ормон ИЭ», «Алекс», «Зироат-70», навъҳои дуфаслаи «Садоқат», «Ориён», «Файзбахш», «Шокирӣ», «ИЗ-80», «Фарҳодӣ- 60» ва гандуми сахти «Президент»-ро, ки олимони Институти зироати АИКТ рӯёнидаанд, истифода мебаранд. Гандуми тирамоҳӣ назар ба гандуми баҳорӣ аз боришоти тирамоҳу зимистон бештар баҳра бурда, то фаро расидани ҳавои хушку гарми тобистон мепазад ва ҳосили фаровон медиҳад.

Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум нимаи август то ноябр фаро мерасад. Дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар мекунанд.

Доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов иброз намуд, ки дар таркиби ғизо бояд ангиштобҳо, аминокислотаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва микроэлементҳо бошанд. Зеро ғизо барои инсон манбаи энергия аст. Агар ғизоро дуруст истеъмол намоем ва дар баробари он ба андозаи зарурӣ кору ҳаракат кунем, на лоғар мешавему на фарбеҳ. Инро тарзи ҳаёти солим мегўянд. Вояи ғизои солим бояд барои ҳар кас алоҳида ва бо назардошти вазъи саломатиаш муайян карда шавад.

Ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки нафароне, ки бемории музмини дил доранд, бояд нонро аз меъёр зиёд истеъмол накунанд. Инчунин ба ин нафарон бештар нони аз орди дурушти ҷавдор пухташуда тавсия дода мешавад.

Аслан чор намуди орд мавҷуд аст: гандумӣ, ҷуворимакка, арзан ва ҷав. Ин ордҳо вобаста ба таркибашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Нони аз орди дурушти ҷавдор пухташуда барои гирифторони бемориҳои рӯдаи ғафс, қабзият ва касалии қанд ғизои парҳезӣ ҳисобида мешавад. Ба шахсоне, ки ба бемории дил мубтало гаштаанд, хӯрдани нони ҷавӣ ё аз орди гандуми навъи 2-юм пухташуда тавсия дода мешавад. Хурдсолон ва нафароне, ки меъдаашон бемор аст, бояд нони ҷавдорро камтар истеъмол намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид