Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё буда, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст»

Октябрь 5, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ  таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид, ки  дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд. Вобаста ба мақоми забони давлатӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ   хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Забон давоми солҳои давлатдории тоҷикон чӣ гуна мақом дошт ва ҳофизаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик тавассути он чӣ тавр нигоҳ дошта шудааст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамин замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар ин давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро давоми беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми Авруосиё бо ин забон муколамаву мукотиба доир шуда, дар давлату манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо намуданд.

Дар солҳои пеш аз истиқлолият забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин тадбирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати бунёд ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи ин чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмулхат, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводноккунии мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ ва филологияи тоҷик доир шуда, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.

АМИТ «Ховар»: Истиқлоли давлатӣ дар рушд ва устувор гардидани рукни муҳими миллат – забони тоҷикӣ чӣ гуна нақш гузошт?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, амсилаи муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз, дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Муҳимтарин дастоварди сиёсати забон дар даврони истиқлол ин аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони тоҷикӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳо ва забони аксарияти кулли сокинони Тоҷикистон ва аксар манотиқи ҳаммарзу ҳамфарҳанги он мебошад, мақоми давлатӣ ато намуд. Яъне истифодаи амалии онро дар корҳои давлатдорӣ, фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ васеъ ва беҳудуд гардонида, асоси ҳуқуқиро барои ҳамчун рукни асосии миллату давлат шинохта шудани он фароҳам овард. Ин буд, ки вазифаи мазкур дар давраи хеле кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардида, имрӯз дар назди миллат нақшаи густариши забони миллӣ ва устувор намудани бунёди он истодааст.

АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ мегардад. Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Дар асоси банди 16-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ шудааст, барнома рушди устувори забони давлатиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд, ки мақсадҳои он   такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунгузории соҳавӣ бобати татбиқи сиёсати давлатии забон, таҳкими эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рушди сиёсати давлатии забон ҳамчун омили ҳастӣ ва пойдории давлат ва нашри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташвиқу тарғиби сиёсати забони давлатӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Бо пурра амалӣ шудани бандҳои ин барнома чӣ натиҷаҳо ба даст меоянд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Татбиқи барнома ба ташаккули забони тоҷикӣ, рушди иҷтимоиву маънавии ҷомеа, адабиёт ва фарҳанги миллӣ, пешрафти илму маориф, худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мусоидат менамояд.

Дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» барои татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар заминаи сарчашмаҳои боэътимоди забоншиносӣ ва суннатҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик номҳои таърихии ҷуғрофӣ эҳё ва барқарор гардида, меъёрҳои таърихию суннатии номгузории шаҳрвандон ба танзим дароварда мешаванд.

Инчунин «Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ» бар пояи овонавишти забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шуда, тарзи талаффузи дурусти онҳо дар асоси лексикаи меъёрӣ пешниҳод мешавад. Ҳамзамон баъди пурра амалӣ гардидании ин барнома дар доираи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» шакли хаттии забони адабии муосири тоҷик мукаммал шуда, меъёри навишт ва гуфтор танзим мегардад. Инчунин умед бар он дорем, ки барнома ба пешрафти ҳадафмандонаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, устувории забон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва муоширати сокинони ҷумҳурӣ мусоидат намуда, нақши забони давлатиро дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебардорад.

АМИТ «Ховар»: Дар раванди ҷаҳонишавӣ забони модариро чӣ гуна бояд ҳифз намуд ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда боқӣ гузошт?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Ҷаҳони пуртазод ва босуръат дигаргуншавандаи муосир ба тамоми равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо ва муносиботи байналмилалӣ таъсири бориз ворид намудааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон давлатҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам намудани мақому мартабаи худ такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода намудани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон — истиқлоли худ водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои ба ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат ва бо чашмони соҳибони ин фарҳанг дидани оламро дар назар дорад. Маҳз забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бе фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хизмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи руҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар давлате, ки аз ояндаи худ андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ