Омодагии иншооти энергетикӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 ҷамъбаст гардиданд.
Дар ҷаласа доир ба омодагии иншооти энергетикӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ба давраи тирамоҳу зимистон табодули афкор карда шуд.
Дастур дода шуд, ки дар ин давра фаъолияти мунтазам ва самарабахш таъмин карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои муҳокимагашта қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






