ОЗОДАПАЛАНГ-РАМЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯш бозгӯи поктарин экосистема доштани Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» озодапаланг ё бабри барфӣ рамзи миллии Тоҷикистон эътироф мегардад.
Рамзи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки моҳи августи соли 2024 дар Душанбе баргузор шуд, бабри барфӣ интихоб шуд. Ҳадаф аз интихоби он муаррифии ҷасорати ин ҳайвони нодири зебои кӯҳистон ва тарғиби ҳифзи он мебошад.
Эъломия оид ба таъсиси Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ
Ҳамасола 23 октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ таҷлил мегардад. Ин сана аз он ибтидо мегирад, ки соли 2013 дар Бишкек дар доираи Форуми байналмилалӣ Эъломия қабул гардид, ки тибқи он кишварҳои ареали бабри барфӣ уҳдадор гардиданд, ки то соли 2023 ҳифзу нигаҳдории тамоми ландшафтҳоеро, ки дар он бабри барфӣ сукунат менамояд, таъмин кунанд, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Шерматов.
Ареали озодапаланг-дар ҳудуди 12 давлат
Бабри барфӣ калонтарин намояндаи оилаи гурбаҳои ваҳшӣ буда, дар ҳудуди 12 давлати дунё — Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Чин, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон, Бирма ва Непал паҳн гардидааст. Бабри барфӣ яке аз намудҳои ҷонвари нодир аст, ки дар табиати Тоҷикистон дар занҷираи экологӣ аз ҳама боло меистад ва аз аҳамияти баланд бархӯрдор аст. Дар сурати дар табиат гум шудани он вайроншавии ин занҷираи экологӣ ба миён меояд.
Шикори бабри барфӣ расман манъ аст
Бабри барфӣ яке аз зеботарин ҷонварони дарандаи кӯҳӣ буда, сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯши Тоҷикистон бозгӯи поктарин экосистема дар ин сарзамин аст. Бабри барфӣ ҳайвони ваҳшии нодире аст, ки соли 1963 дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст. Шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз соли 1968 расман манъ гардидааст. Ҳамчунин он ба рӯйхати сурхи байналмилалии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намуди зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи дараҷаи (VU) ворид шудааст.
Тадбирҳо барои ҳифз ва нигоҳдории бабри барфӣ
Барои ҳифз ва нигоҳдории бабри барфӣ Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Аз ҷумла, «Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ» қабул гардид, ки дар он нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзу барқарорсозии экосистемаҳои баландкӯҳ, ҷангалзор, чарогоҳҳо ва намудҳои ҳайвоноти ёбоие, ки объектҳои шикор ё туъмаи бабри барфӣ мебошанд, дар назар дошта шудааст. Инчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таблиғот дар байни аҳолӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ амалӣ карда мешаванд.
Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ
Дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид, ки он дар се марҳила амалӣ мешавад. Ин барнома имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Хусрав Шерматов афзуд, ки ҳифзи муҳити хоси сукунати бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он, коҳиши таҳдидҳо ва таъсири фаъолияти инсон ба популятсияи табиии бабри барфӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим аз ҳадафҳои асосии «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» мебошад.
Мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ дар доираи ин барнома
Дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ҳамоҳангсозии заминаҳои ҳуқуқӣ, мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ, мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳдошти манбаъҳои ғизоӣ, тарҳрезии чорабиниҳо оид ба паст намудани хавфи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ, танзими чаронидани чорво ва пешгирии таназзули муҳити зист, пурзӯр намудани нақши ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда оид ба ҳифзи бабри барфӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар ҳифзи бабри барфӣ, тарғиби донишҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва байнимарзӣ, таҳияи чораҳои таъхирнопазир ва муассир амалӣ мешаванд.
Дар нақшаи амали барнома ба таҳқиқи популятсияи бабри барфӣ, тартиб додани харитаи ҷойҳои маълуми паҳншавӣ, истифодаи домҳои аксбардорӣ, ташхиси генетикӣ ва дигар усулҳои муосири таҳқиқот барои баҳодиҳии зичии популятсияи бабри барфӣ ва таъсиси хазинаи марказонидаи маълумот оид ба бабри барфӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Дар Тоҷикистон 350-400 сар бабри барфӣ сукунат дорад
Хусрав Шерматов иброз намуд, ки Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ буда, экосистемаҳои кӯҳие, ки дар онҳо бабри барфӣ паҳн гардидааст, ба экосистемаҳои осебпазири сайёра мансуб мебошанд. Маълумоти наве, ки оид ба паҳншавӣ ва саршумори бабри барфӣ дар қитъаҳои алоҳидаи макони сукунати он ба даст оварда шудааст, бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон на камтар аз 350 то 400 сар бабри барфӣ сукунат менамояд.
20 қаторкӯҳи Тоҷикистон-макони зисти озодапаланг
Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст. Барои ҳифзи бабри барфӣ минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти калон дорад, зеро 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба ин ҳудуд рост меояд. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Мурғоб Маркази офиятбахшии бабри барфӣ таъсис дода шуд.
Инчунин моҳи октябр дар Душанбе бо иштироки намояндагони 12 давлати ҷаҳон, ки дар онҳо бабри барфӣ сукунат менамояд, конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ гузаронида шуд. Дар конфронс масъалаҳои муҳими марбут ба экосистемаҳои бабри барфӣ, омӯзиш ва гузаронидани мониторинг, истифодаи таҷҳизоти муосир дар мониторинг ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳифзи бабри барфӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳудуди паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 85,7 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Бабри барфӣ дар баландкӯҳҳои Осиё – Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Помир, Тиён-Шон, Олтой, Саян ва Кун-Лун паҳн шудааст. Масоҳати паҳншавии он 3 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар маркази масоҳати паҳншавии бабри барфӣ ҷойгир шудааст. Ҳудуди паҳншавии бабри барфӣ дар ҷумҳурии мо 85,7 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, ки 2,9 фоизи масоҳати ҳозираи паҳншавии ин намудро дар миқёси олам ташкил медиҳад.
Баландиҳои 2000-5000 метр-макони сукунати бабри барфӣ
Мавзеъҳои мусоиди сукунати бабри барфӣ қариб дар тамоми қитъаҳои паҳншавии он дар баландиҳои 3000-5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, муҳити хоси зисти бабри барфӣ минтақаҳои алпӣ ва субалпии дорои релефи ноҳамвор бо нишебиҳои тезу дараҳои чуқур мебошанд, ки дар баландиҳои аз 2000 то 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир ҳастанд. Мавзеъҳои хоси сукунати бабри барфӣ дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир, ки қисми зиёди релефашонро харсангҳо ва нишебиҳои тез ташкил медиҳанд, ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ, ки релефи нисбатан ҳамвор дорад, бабри барфӣ асосан дар минтақаи марғзорҳои алпии харсангдор сукунат менамояд.
Озодапаланг марзро намеписандад
«Бо сабаби дастнорас будани мавзеъҳои зист бабри барфӣ объекти мураккаби мушоҳида ва омӯзиш маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, баҳодиҳии саршумори он кори душвор аст»,- мегӯяд Хусрав Шерматов.
Саршумори бабри барфиро танҳо тавассути домҳои банаворгирӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар таҷҳизоти муосир, ки дар макони сукунаташон насб карда мешаванд, мешуморанд. Мутахассиси мақомоти ҳифзи муҳити зисти мамлакат мегӯяд, ки бабри барфӣ доим ареалашро иваз карда меистад ва ҷонвари озодидӯст аст, аз ин рӯ онро озодапаланг ҳам меноманд.
Боре дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисон ба гардани як сар бабри барфӣ дастгоҳи радиошунавонӣ гузошта шуд ва тавассути компютер мушоҳида гардид, ки он марзи Тоҷикистонро убур намуда, ба Афғонистон ва аз он ҷо ба думболи туъмааш ба хоки Покистон гузашт. Бабри барфӣ ҷонвари чусту чолок ва ниҳот зебою серҳаракат буда, дар як шабонарӯз 35 то 50 км роҳро тай менамояд. Ба ақидаи олимон, саршумори умумии бабри барфӣ дар ҷаҳон тақрибан 4- 5 ҳазор сар арзёбӣ мегардад.
Бабри барфӣ ном гирифтани ин ҷонвари зебою нодири кӯҳҳои баланди барпӯш бозгӯи экосистемаҳои покро макони зист интихоб кардани озодапаланг аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»