Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Табрез гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалии сайёҳии Табрез – 2024 бо кӯшиши Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маводи ин гӯша, ки зарфият ва тавонмандиҳои сайёҳии мамлакати моро ба намоиш гузоштааст, мавриди таваҷҷуҳи амиқи тамошобинони намоишгоҳ қарор гирифт.
Дар рӯзи аввали намоишгоҳ Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Эрон Солеҳии Амирӣ, Раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ Баҳроми Сармаст ва масъулини Табрез гӯшаи Тоҷикистонро тамошо намуда, зарфияти сайёҳии Тоҷикистонро заминаи мусоид барои тақвияти ҳамкории сайёҳӣ бо мамлакати мо донистанд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Табрез беш аз 300 ширкати эронӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.


АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






