Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим мулоқот намуданд

Октябрь 13, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Пешвои миллат аз талошҳои сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, дар самти ободу зебо гардонидани диёри худ изҳори сипос намуда, ба ғайрату садоқати онҳо баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳия беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардонидани он 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 милион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он аз 9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 104 миллион сомонӣ дар соли 2023 расид, яъне қариб 12 баробар зиёд шуд.

Роҳбарияти ноҳия, мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия вазифадор шуданд, ки раванди афзоиши истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ вусъат дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ишкошим соли 2023 ба 5,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум якуним баробар зиёд мебошад.

Вазорату идораҳои марбута аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Таъкид гардид, ки тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ 6 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия ва татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024 – 2026 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ва ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани насли наврас дастуру супоришҳо доданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Ишкошим минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукрона аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам обод месозанд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим 13.10.2024

Октябрь 13, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд