Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои «Маркази инкишофи кӯдакони «Шайдо»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 12, 2024 11:55

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири “Маркази инкишофи кӯдакони «Шайдо»-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар ин рӯз хурсандии сокинони ноҳия ва беш аз 120 нафар кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро маҳз бо иштироки Сарвари давлат барояшон бинои зебову замонавии 3-ошёнаи Маркази инкишофи кӯдакон ба фаъолият шуруъ намуд.

Маркази таълимии томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Достамбуев Назархудо дар мудати 2 сол бунёд гардида, баҳри татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.

Дар ин марказ кӯдакони аз синни 4 то 6 сола ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мураббияҳои соҳибтаҷрибаву забондон ҷалб шудаанд.

Таълиму тарбия дар ин ҷо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон ҳамчунин забонҳои русиву англисӣ омӯзонида мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ошхона барои зиёда аз 100 нафар, 4 синфхонаи таълимӣ, толори кушоду барҳавои варзишиву мусиқӣ дар ошёнаи сеюм ва майдончаи бозии кӯдакон дар саҳни бино аз имкониятҳои дигари муассисаи мазкур ба шумор меравад.

Дар ошёнаи сеюми бинои навбунёд ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос мебошад, ки ба талаботи замон мувофиқ аст.

Сокинони хуштолеи ноҳияи Рӯшон ба Сарвари давлат ҷиҳати таваҷҷӯҳи доимияшон ба соҳибкорон ва дар мавзеи кӯҳӣ фароҳам овардани чунин шароити муосири таълиму тарбияи кӯдакон изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои ин марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуда, зиёд кардани шумораи чунин марказҳои инкишофи кӯдаконро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Ифтитоҳи “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо” дар ноҳияи Рӯшон 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд