Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи зарфиятҳои фаровони аграрии минтақа, аз ҷумла обу замин ва саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқавории кишвар маслиҳатҳои судманд доданд.
Хоҷагӣ зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо заминҳои ин хоҷагӣ барои тоҷирони маҳаллӣ низ ҷойи кор дониста мешавад, зеро дар мавсими ҷамъоварии ҳосил теъдоди харидорон бамаротиб зиёд мегардад.
Роҳбарияти хоҷагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ парвариш карда мешавад.
Дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар” ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.
Мувофиқи дурнамои истеҳсолӣ, саҳмдорони хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар гирифтанд. Бо назардошти таъсири манфии сардиҳои мавсими гузашта, саҳмдорони хоҷагӣ талош намуданд, ки бо иҷрои меъёру қоидаҳои агротехникӣ, махсусан барқарор кардани майдони боғҳо фаровонии ҳосилро қариб ба ҳаҷми истеҳсолот дар солҳои 2021-2022 баробар созанд.
Хоҷагидорон, пеш аз ҳама, барои таъминоти бозори истеъмолии дохилӣ талош карда, боқимондаи ҳосилро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.
Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира карда мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки фаъолияти сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин воситаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар тамоми фасли сол буда, сифати маҳсулот дар сардхона коҳиш намеёбад.
Шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна содир ба хориҷи кишвар шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб карда шавад.