Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бинои маъмурии деҳоти Рӯшон дар заминаи собиқ бинои ҷамоат, ки бо мурури замон таъмирталаб гардида буд, дар масоҳати умумии 6 садяк замин бо сифати баланд сохта шудааст.
Ҳоло шумораи кормандони ҷамоат беш аз 10 нафарро ташкил менамояд, ки аксари онҳо ҷавононанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои ҷамоат ба сокинони 5 деҳа, ки дар умум беш аз 6 ҳазору 620 нафарро дар бар мегиранд, хизматрасонии босифат расонида мешавад.
Лозим ба таъкид аст, ки асоси рушди ноҳияи Рӯшон ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ, махсусан чанд соли охир бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтару хабтар гардидааст.
Кормандони Ҷамоати деҳоти Рӯшон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд.









Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад






