Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд

Октябрь 14, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе  баргузории  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16 октябр маросими ифтитоҳи  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ,  дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ташкил мегардад.  Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои канории  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак низ  дар назар дошта шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки  Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи «Ал Ватан»-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад