Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд

Октябрь 3, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Шоҳин, сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои хориҷии муқими Миср, коршиносон, донишмандону хабарнигорон ва  намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Миср иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол сухан гуфта, ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Парвиз Мирзозода саҳми фарзандони миллати тоҷик Носири Хусрав, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ ва дигаронро дар густариши илму адаб дар паҳнои ҷаҳони ислом, аз ҷумла Миср ёдовар шуда, муштаракоти таърихии мардумони Тоҷикистон ва Мисрро омили муҳим дар пайванди амиқ байни ду давлат аз гузашта то имрӯз унвон кард.

Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Аҳмад Шоҳин Тоҷикистонро барои Миср аз ҷумлаи давлатҳои муҳим баршумурд ва азми кишварашро барои густариши равобит бо Тоҷикистон мавриди таъкид қарор дод.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон бо ҷашни истиқлол маросими муаррифии китоби «Муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср дар тӯли сӣ сол», намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳои Тоҷикистон, барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва инчунин зиёфати расмӣ доир карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд