Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Шоҳин, сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои хориҷии муқими Миср, коршиносон, донишмандону хабарнигорон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Миср иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол сухан гуфта, ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Парвиз Мирзозода саҳми фарзандони миллати тоҷик Носири Хусрав, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ ва дигаронро дар густариши илму адаб дар паҳнои ҷаҳони ислом, аз ҷумла Миср ёдовар шуда, муштаракоти таърихии мардумони Тоҷикистон ва Мисрро омили муҳим дар пайванди амиқ байни ду давлат аз гузашта то имрӯз унвон кард.
Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Аҳмад Шоҳин Тоҷикистонро барои Миср аз ҷумлаи давлатҳои муҳим баршумурд ва азми кишварашро барои густариши равобит бо Тоҷикистон мавриди таъкид қарор дод.
Бояд гуфт, ки ҳамзамон бо ҷашни истиқлол маросими муаррифии китоби «Муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср дар тӯли сӣ сол», намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳои Тоҷикистон, барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва инчунин зиёфати расмӣ доир карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






