Раванди татбиқи лоиҳаи «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 28, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи «АСИКУДА*»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти  гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рамзгузории электронӣ ва фаъолияти назоратчии пайгирикунандаи гардиши молҳо дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз  намуд, ки Шурои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда,

мақсади он дар асоси ҳамкории мутақобили мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат мусоидат ба таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат мебошад.

Инчунин доир ба тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук барои ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми «Равзанаи ягона», мукаммалгардонии идораи таваккал, кушода шудани долонҳои «сабз» барои тезонидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, ба имзо расидани созишномаҳо бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ба роҳ мондани низоми  давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муҷаҳҳазгардонии баъзе дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо таҷҳизоти муосир ва навсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ сухан гуфта шуд.

Дар ҷаласа ҳамоҳангсози Лоиҳаи «АСИКУДА» Григорий Варанит дар мавзуи «Ҷараёни амалисозии Лоиҳаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуда, бо пешниҳоди рӯнамо вобаста ба амалишавии Лоиҳаи «АСИКУДА» маълумоти муфассал пешниҳод кард. Гуфта шуд, ки моҳи июли соли 2023 Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон ба таври озмоишӣ дар 15 гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Татбиқи озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст. Татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми  «АСИКУДА» имкон медиҳад, ки дар сатҳи миллӣ низоми пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шавад.

Дар ҷаласа доир ба даври пилотии Лоиҳаи «АСИКУДА», бартараф намудани мушкилиҳои раванди амалисозии лоиҳа, ҳамгироии ин низом бо дигар низомҳои фаъолияткунанда, истифодаи имзои электронӣ, омӯзиши кормандони мақомоти гумрук барои  истифодаи низоми «АСИКУДА», аз байн бурдани омилҳое, ки ба бекористии қатораҳо оварда мерасонанд ва мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ табодули назар карда шуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

____

*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми  автоматикунонидашудаи маълумоти гумрукӣ як системаи компютериест, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд барои идоракуни ва рушди гумрукиии давлатҳои ҷаҳон  таҳия шудааст.

 

 

Октябрь 28, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд