Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд

Октябрь 3, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорон ва аҳолии Ҷамоати деҳоти «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор роҳҳои дохилидеҳавии ҷамоат таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мумфаршкунии роҳи деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти «Алмосӣ» оғоз ёфт.

Ин роҳ дар масофаи 1,5 км бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид ва мумфарш мегардад.

Сокинони деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонии маҳалли зист қариб 1,5 км роҳи байнидеҳавиро таъмир ва мумфарш намуданд.

Сокинони деҳаи Чаманзори Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода тасмим гирифтаанд, ки дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ беш аз 4 км роҳи байнидеҳавиро мумфарш намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Октябрь 3, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд