Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид

Октябрь 14, 2024 12:25

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14  октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони вилоят чун расми истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ  бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз сарвару раҳнамои хеш сурат гирифт. Аҳли фарҳанг ва сокинони сипосгузори вилоят бо самимияти хоса меҳмони олимақомро бо суруру шодӣ ва базми зебои бадахшӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 то 14 октябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рушону Ишкошим, Роштқалъа ва  шаҳри Хоруғ  қарор доштанд.

Дар ҷараёни сафари созандаи пурмаҳсул Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва аз тарафи мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят  бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи давлат сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғоз бахшиданд.

Дар доираи ин боздид ва дар ҳошияи он наздики 100 иншоот ифтитоҳ ёфта, ба бунёди даҳҳои дигар асос гузошта шуд. Танҳо дар соҳаи маориф 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 8 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин боздиди  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мулоқот ва дидору суҳбати наздик бо мардуми соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои вилоят,  шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи баландкӯҳи кишвари азизамон буд.

Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо ҷашни 33-солагии Исқтиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба вусъати корҳои созандагӣ барои омодагии шоиста ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон ҳидоят намуданд.
Гусели меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 14.10.2024

Октябрь 14, 2024 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд