Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ намуданд

Октябрь 12, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ карданд.

Муассисаи томактабӣ 2-ошёна буда, барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ҷалби шарикони рушд сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷра барои таълиму тарбия ва 5 ҳуҷраи дигар барои хоби кӯдакон, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толор барои машғулиятҳо иборат мебошад.

Барои истироҳату фароғати кӯдакон дар саҳни бино майдончаи бозии тобистона бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.

Дар ноҳияи Рушон танҳо дар доираи ҳамин сафари Пешвои миллат 8 кӯдакистони нав ба истифода дода шуд ва фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба 34 фоиз расид, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ 30 ҷойи нави корӣ фароҳам гардидааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навтаъсис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар деҳот намунаи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ карданд.

Тарбияи томактабӣ дар рушди малакаи зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад ва бо таъсиси чунин кӯдакистонҳои хуштарҳу муосир онҳо аз таълиму тарбия дур намонда, ҳамчун фарзандони солимфикр ба мактаб хуб омода мешаванд.

Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил, ки бо неруи барқ ва панелҳои офтобӣ фаолият менамояд, гарм нигоҳ дошта мешавад.

Ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистони мазкур орзуи деринаи сокинони деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон ба шумор меравад, зеро дар ин деҳот талаботи кӯдакон ба боғча хело зиёд аст.

Танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 8 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва илм онҳоро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи дӯстрӯякон масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Ифтитоҳи «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд