САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии Душанберо тамошо намуданд

Октябрь 7, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни соли якуми  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  бо мақсади шинос гардидан бо маконҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Боғи Парчами миллӣ ва «Китобхонаи миллӣ»-ро тамошо карданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Зимни сайру гашт ба донишҷӯён  аз таърихи сохт ва фаъолияти иншоот маълумот дода шуд.

Омӯзгори ин донишгоҳ Нилуфар Ҳабибуллоева  иброз дошт, ки аз сабабе, ки аксари донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳастанд, тасмим гирифтаанд онҳоро бо ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Душанбе шинос намоянд.

Дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба донишҷуён маълумот дода шуд, ки маҷмаа бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, дар офаридани он 4 000 усто аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон саҳм  гузоштаанд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба сифати ҳаштумин муъҷизаи ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ пазируфта шуда, дар он тамоми намудҳои санъати вижаи ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик пешниҳод шудааст.

Иброз шуд, ки шаҳри Душанбе симои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, дар он имконияти мусоид баҳри таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Инчунин зимни саёҳат донишҷӯён Китобхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо толорҳои он шинос шуданд.

Ба донишҷӯён доир ба таърих ва фаъолияти Китобхонаи миллӣ маълумот дода шуд. Иброз гардид, ки маросими ба истифода додани бинои нави «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2012- дар арафаи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Бинои нави нуҳошёна дар шакли китоби кушода сохта шуда, ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Он 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон муассисаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ, нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди  фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотиро таъмин менамояд. Китобхонаи миллӣ бузургтарин махзани дастхатҳо, нашрияҳои чопӣ ва адабиёти бадеии полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар яке аз толорҳои китобхона бо донишҷӯён бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон соати тарбиявӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат вобаста ба ҳифз ва нигоҳдошти забони давлатӣ, риояи он аз ҷониби донишҷӯён ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ибрози андеша карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин иқдомро идома дода, донишҷӯёни соли якуми донишгоҳро пайваста бо мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе шинос менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Октябрь 7, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт