Соли 2025 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон 24 октябр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мубодилаи афкор доир гардид.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон таърихи дерина дошта, тавассути сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев робитаҳои фарҳангӣ байни ду мамлакат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 23 майи имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






