СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе вобаста ба самти нотариат конфронси байналмилалӣ доир шуд

Октябрь 3, 2024 20:10

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Даъватҳои замони муосир ва нотариат: дурнамо ва таҳлилҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони соҳаи ҳуқуқ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар конфронс масъалаҳои мубрами амалияи нотариалӣ, ба монанди шартномаи иштироки ҳиссагӣ дар сохтмон, муқовимат бо қонунигардонии даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд ва рақамикунонии фаъолияти нотариалӣ баррасӣ шуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён иброз гардид, ки танҳо муттаҳид гардонидани имконият шароит фароҳам меорад, ки ба даъватҳои замони муосир, бахусус қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда истодагарӣ намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, давлат ва ҷамъият ҳимоя карда шаванд.

Дар доираи конфронс ҳамчунин ба рақамикунонии фаъолияти нотариалӣ ҳамчун такони ҷиддӣ ба кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки рақамикунонии фаъолияти нотариалӣ имконият медиҳад, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии нотариалӣ беҳтар карда шуда, имконияти технологияи компютерӣ ба таври васеъ истифода шавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2024 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд