ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 7, 2024 08:00

07 октябри соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон- «Ирфон» таъсис дода шуд.

***

7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.

***

7 октябри соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.

***

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

***

7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҷараёни бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуданд.

***

10 сол пеш, 7 октябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.

***

7 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

7 ОКТЯБР:

Дар Арманистон- рӯзи китобдор.

***

Дар Русия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.

***

Дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон.

 

 

Октябрь 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш