«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Тарроҳони машҳур ба дӯстдорони олами мӯд коллексияҳои нав пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими сенздаҳуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон- «Tajikistan Fashion Week», ки 20-21 октябр дар Душанбе баргузор гардид, 15 тарроҳ ва брендҳои машҳур аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон коллексияҳои навро пешниҳоди дӯстодорони дунёи мӯд намуданд. Ин намоиши муҳими фарҳангӣ бо ташаббуси Иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ташкил карда шуд.
«Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» — ягона майдоне аст, ки алоқамандону дӯстдорон ва тарроҳони соҳаи мӯдро ҷамъ меорад ва 8 сол мешавад, ки дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе доир мегардад.
Тавре намояндаи масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ёрбобоева дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ташаккул ва муаррифии тарҳҳои нави тарроҳони кишварҳои дунё, ки дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон иштирок намуданд, саҳми муносиб мегузорад. Ин намоиши фарҳангӣ ҳамзамон ба тақвияти ҳамкорӣ байни тарроҳони давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ва дар маҷмуъ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати фарҳангӣ мусоидат менамояд».
«Дар фасли 12-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон мо ба тарроҳон пешниҳод намудем, ки коллексияҳои худро пурра бо истифода аз нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ омода намоянд ва ҳамин гуна ҳам шуд»,-афзуд намояндаи масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 8 тарроҳ аз Тоҷикистон коллексияи навро пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Бештари либосҳои тарроҳони тоҷик аз матои шинаму зебои атлас ва адрас, ки истеҳсоли Корхонаи саноатии «Атласи Хуҷанд» мебошад, омода шуда буд. Дар доираи Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон инчунин намоиш-фурӯши либос доир шуд, ки дар тарғиби фарҳангӣ миллӣ, хусусан муаррифии пироҳанҳои шинаму зебои аз атлас ва адрас омодагардида нақши муассир гузошт. Либосҳои дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба намоишгузошта барои фаслҳои баҳор ва тобистони соли 2025 пешнибинӣ гардидаанд.
Баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон дар Душанбе имкон дод, ки ҳунару маҳорат ва малакаи зебоиофарии тарроҳон дар саҳна ба таври густурда муаррифӣ гардад. Дар доираи Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон инчунин мулоқоти тарроҳон доир гардида, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ матраҳ шуданд.
Фасли сенздаҳуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон- «Tajikistan Fashion Week» дар самти таҳкими равобити фарҳангию дӯстӣ байни тарроҳони давлатҳои хориҷӣ, тавсеа додани ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ қадами устувор аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






