Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо яке аз бузургтарин ширкатҳои идоракунии сармоя дар Малайзия матраҳ гардид

Октябрь 13, 2024 13:23

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо раиси гурӯҳи ширкатҳои «Permodalan Nasional Berhad» (PNB) Тан Сри Дато Сери Раҷа Аршад бин Раҷа Тун Уда мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва гурӯҳи ширкатҳои «Permodalan Nasional Berhad»-ро баррасӣ карданд.

Бояд таъкид намуд, ки гурӯҳи ширкатҳои «Permodalan Nasional Berhad» яке аз бузургтарин ширкатҳои идоракунии сармоя дар Малайзия аст, ки татбиқкунандаи Сиёсати нави иқтисодии Малайзия мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2024 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид