Тоҷикистон ба сармоягузорон беш аз 240 намуди кафолату имтиёз ва беш аз 110 сабукиҳои андозу гумрукӣ пешниҳод менамояд

Октябрь 29, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди солонаи бахши саноати Тоҷикистон беш аз 15 фоизро ташкил медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии мамлакатро ба таври назаррас афзоиш дода, барои ҳамкории муваффақ бо институтҳои молиявӣ ва ширкатҳои саноатӣ шароит фароҳам овардааст. Дар ин хусус муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз дар ҷараёни нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон дар Душанбе ибрози назар намуд.

Ба иттилоои ӯ, дар баробари манбаъои ғании табиӣ ва энергетикӣ Ҳукумат ба сармоягузорон кафолату имтиёзҳои зиёде пешниҳод карда, барои фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Дар қонунгузорӣ барои сармоягузорон беш аз 240 намуди кафолат ва имтиёзҳо, зиёда аз 110 сабукиҳои андоз ва гумрукӣ пешбинӣ шудаанд.

«Дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунанд, ки дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат муътадил боқӣ мондаанд. Солҳои охир афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8 фоизро таъмин намуда, сатҳи таваррум аз 4 фоиз зиёд нест. Муҳити иқтисодии Тоҷикистон барои ҳама сармоягузорон мусоид аст. Ҳадафи умумӣ таҳкими шарикии дарозмуддат ба хотири шукуфоии давлатҳоямон аст», — гуфт Ҳоким Холиқзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 29, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст