Тоҷикистон ва Беларус вазъ ва дурнамои равобити байнипарлумониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Раиси Комиссияи доимӣ оид ба амнияти миллии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Геннадий Лепешко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Самаранокии баланди ҳамкории фаъоли гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои Тоҷикистон ва Беларус таъкид шуда, ба таҳкими ҳамкорӣ ва фаъолгардонии кори он ба нафъи давлату халқҳои ду давлат изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






