То соли 2050 5 миллиард аҳолии кураи Замин бо норасоии об рӯ ба рӯ мешавад
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон 3,6 миллиард нафар аҳолии кураи Замин бо норасоии об рӯ ба рӯ шудаанд, ки то соли 2050 шумораи онҳо ба 5 миллиард нафар мерасад. Дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ иттилоъ додааст.
Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, соли 2023 соли дуюми талафоти зиёдтарини пиряхҳо дар ҷаҳон буд. Инчунин соли 2023 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ ба ҳисоб рафт.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор», ки 17 августи соли равон доир гардид, таъкид намуданд, ки «тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад. Давоми чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мамлакати мо зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст».
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосӣ ва то шаст фоиз ташаккул ёфтани захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад.
Норасоии оби тоза дар олам ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намудааст. Ин масъала таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор додааст ва аксар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли ин масъалаҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин самт изҳори ҳамкорӣ менамояд.
«Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об дар айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди истифода қарор диҳем. Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад», — иброз дошта буданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2018.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд
Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Баргу хазонро насӯзонед, зеро он ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад!
4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар вохӯриҳои канории СОР-30 ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид






