Узбекистон ба интихоботи вакилони палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва шуроҳои маҳаллӣ омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябри соли 2024 дар Узбекистон интихоботи вакилони палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва шуроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Ҳоло Ҳафтаи ташаббусҳои шарикии байналмилалӣ ҷараён дошта, то 26 октябр идома меёбад. Дар он беш аз 350 намояндаи ташкилоти байналмилалӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тиҷоратҳои калон ва коршиносон иштирок доранд. Дар доираи чорабинӣ баргузории 50 конфронс, ҳамоиш ва муколамаҳои амалӣ дар назар дошта шудааст. Мухбири Агентии миллии иттилоотии Узбекистон УзА Беҳрӯз Худойбердиев махсус барои АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ маводи шарикӣ омода намудааст.
Баргузории ин интихобот дар асоси принсипҳои демократия, ошкорбаёнӣ, шаффофият ва волоияти қонун бештар ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии кишвар, инчунин ба мавҷудияти асосҳои мукаммали ҳуқуқи овоздиҳӣ вобаста мебошад.
Дар Узбекистон таҷрибаи таъсиси мақомот ва институтҳои давлатии ҳокимият ба василаи интихобот ташаккул ёфтааст, ки ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон Конститутсяи Ҷумҳурии Узбекистон- кафолати муҳими татбиқи ҳуқуқҳои овоздиҳии шаҳрвандон аст. Дар асоси принсипҳои муайяни ба интихобот рабтдоштаи Конститутсия Кодекси интихобот қабул гардид.
Узбекистон, ки барои ислоҳот кӯшиш намуда, ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳод мекунад, шиори: «Дар овози ҳар интихобкунанда ояндаи кишвар, ҳаёти наслҳои оянда, ҳуқуқҳои иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон таҷассум меёбад»-ро қатъиян риоя менамояд.
Ин гуфтаҳо бори дигар дар ҷаласаи «Интихобот ҳамчун марҳилаи нави таҳкими ислоҳоти демократӣ ва татбиқи амалии Конститутсияи навшуда», ки дар доираи Ҳафтаи байналмилалии шарикӣ дар Тошканд идома дорад, таъкид гардид.
Коршиносони хориҷиву ватанӣ ва таҳлилгарон оид ба ислоҳоти демократӣ дар Узбекистони Нав, мақсаду ҳадафҳо, дастовардҳои фазои комилан нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва маънавию маърифатии дар кишвар бавуҷудомада, вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ табодули афкор менамоянд.
Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ташаббусҳои шарикӣ вобаста ба мавзуъҳои «Рушди бонизом ва насли солим-асоси ояндаи Узбекистони Нав», «Озодии баён ва воситаҳои ахбори омма, рушди густурдаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон- дар роҳи тавсеаи арзишҳои демократӣ», «Хизматрасонии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таъмини баробарии гендерӣ», «Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ» мубоҳисаҳои панелӣ доир мешаванд.
Иқтисодчии калони Бонки ҷаҳонӣ Пинар Яшар иброз намуд, ки таъмини шаҳрвандон бо кори хуб ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот дар Узбекистон ба ҳисоб меравад. Ва яке аз натиҷаҳои чашмраси он- сол аз сол пастшавии сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳафта натиҷаҳои таҳлил ва пешниҳодҳои коршиносон оид ба масъалаҳои глобалии имрӯза, ки на танҳо барои Узбекистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим мебошанд – рушди сабз, туризми бехатар, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои муосири кишоварзӣ ва рушди бахшҳои тиҷорати хурд, сиёсати хориҷӣ, созишномаҳои сулҳ, ошкорбаёнӣ ва рушд баррасӣ мегарданд.
Давоми ҳафта ҳамзамон имзои созишномаҳо, ки ба таҳкими муносибатҳои мутақобили судманд бо шарикони хориҷӣ ва ба даст овардани тавофуқҳо оид ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштарак равона шудаанд, дар назар дошта шудааст.
АКС: УзА








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






