Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад

Октябрь 6, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он Сарвари давлат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур доданд, ки дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат, инчунин корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти дигар, новобаста аз шакли моликияташон Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028-ро таҳия намояд.

Ҳамзамон Роҳбари давлат ба вазорат супориш доданд, ки лоиҳаи дурнамо то 1 июни соли 2025 барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ба иттилои муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» таҳия шудааст.

«Лоиҳаи ин фармоиш ҳамасола барои оғоз намудани корҳои техникӣ бо мақсади сифатнок ва сари вақт таҳия намудани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои навбатӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад»,-изҳор медорад ӯ.

Тибқи сархати 3 банди 1-и ин лоиҳаи фармоиш, Вазорати рушди иқтисод ва савдо баҳодиҳии пешакии Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2028-ро дар асоси маълумоти мақомоти дахлдор омода карда, то 1 марти соли 2025 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон тибқи банди 5-и ин лоиҳаи фармоиш, Вазорати рушди иқтисод ва савдо то 1 июни соли 2024 лоиҳаи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2026-2027 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Чанде пеш АМИТ «Ховар» бо такя ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки Агентии рейтингии S&P Global Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B-» то «B» бо дурнамои  «устувор» аз сабаби беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ баланд бардошт.

Ба болоравии рейтинг омилҳои рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд ҷумҳурии мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиши фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ дар солҳои охир, интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.

Бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ доир ба таъйини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии мамлакат фаъолият анҷом медиҳад. Рейтинг соле як бор дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 агентии рейтингии S&P Global Ratings ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги «B-/В»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор дониста буд.

Вобаста ба таҳияи лоиҳаи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки вазорат дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027-ро таҳия намуд. Он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024 тасдиқ гардида, дар заминаи он банақшагирии буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Тибқи тартиби муқарраргардида, лоиҳаи ин фармоиш бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, аз ҷониби онҳо дастгирӣ карда шудааст.

«Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои сифатнок ва сари вақт таҳия намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028» тадбирҳои зарурӣ меандешад»,-афзуд муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода.

Бояд гуфт, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои солҳои дахлдор вазъи иқтисоди ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ, ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии тиҷоратӣ, инчунин афзалияти стратегии мамлакат ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар солҳои охир ба инобат гирифта мешаванд.

Ба иттилои Ашурбой Солеҳзода, бо мақсади татбиқи сифатнок ва саривақтии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафи олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 стратегияву барномаҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Октябрь 6, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд