Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /МИТ «Ховар»/. Аъзои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар Латвия бо роҳбарият ва масъулини ширкати энергетикии «Latvenergo», мақоми танзимкунандаи соҳаи электроэнергетика ва Шабакаҳои тақсимоти барқи Латвия мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи электроэнергетика, ҷанбаҳои амалии ташаккул ва фаъолияти бозори неруи барқ, сиёсати энергетикӣ, раванди ислоҳоти соҳа ва механизмҳои танзими давлатии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба таҷрибаи пешқадами Латвия дар самти идоракунии корпоративӣ, такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ, таҳкими иқтидори амалиётӣ ва молиявии онҳо табодули назар намуданд.
Ба масъалаи рақамикунонии соҳаи энергетика, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва фаъолияти шабакаҳои барқӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами Латвия дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Сафари намояндагони Тоҷикистон дар Латвия аз 28 сентябр то 2 октябр дар доираи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон, ки ба рушди устувори соҳаи энергетика, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ равона гардидааст, доир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






