«ЗАБОН-РУКНИ МУАССИРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар мамлакат 5 октябр таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Забон – рукни муассири фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар мавриди ҳимоя, рушд ва густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Дар мамлакат якчанд қонун ва қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро боло бурдаанд.
Таъкид шуд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди роҳи душвори пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат менамояд.
Дар анҷоми ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






