ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд

Октябрь 7, 2024 15:20

РАШТ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» дар асоси нақшаи тасдиқгардида, соли 2024 бояд 70 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намояд. Мутахассисону кормандони ин кон то якуми октябри соли равон 45 ҳазору 960 тонна ангишти хушсифат истихроҷ намуда, онро ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод намуданд. Дар ҳолати мусоид омадани боду ҳаво ва наборидани барфи зиёд дар мавзеъҳои баландкӯҳи кони ангишт кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» метавонанд нақшаи истихроҷи ангиштро пурра иҷро намоянд, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини ин ҷамъият.

Кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад, ки дар фасли тобистон барфи он дер об шуда, дар аввали фасли тирамоҳ боз барф меборад. Аз ҳамин ҳисоб ва тармафароиҳои зиёд роҳҳои мошингард тез-тез вайрон шуда, истихроҷи ангишт мушкил мешавад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» барои кормандони кон ва меҳмонону ронандагон беҳтарин шароити маишӣ муҳайё намуда, кӯшиш менамоянд нақшаи вобастагардидаро иҷро намоянд.

Муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» шартнома бастанд. Тибқи ин шартномаҳо ва мувофиқи талаботи муассисаҳои буҷавӣ ноҳияи Рашт бо 2405 тонна ангишт ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикобод бо 770 тонна ангишти хушсифат сари вақт таъмин шуданд.

Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъюбону ниёзмандон ва оилаҳои ятимдорро бо ангишти ройгон таъмин менамояд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» имконият дорад, ки сохторҳои буҷетии ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Лахшро бо ангишти хушсифат таъмин намояд. Дар сурати муроҷиат намудани масъулини ин ноҳияҳо «Ангишти Камароб» бо сохторҳои буҷетӣ шартнома баста, онҳоро сари вақт бо ангишти хушсифат таъмин менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 7, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад