Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иборат аст, дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) доир ба имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар ҷараёни форум доир ба имконияти сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ оид ба низоми бонкӣ ва суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба саволҳои соҳибкорону сармоягузорон оид ба вазъи низоми бонкӣ, даромаднокии бахши бонкӣ ва суғуртаи мамлакат посухҳои мушаххас дод.
Намояндагони дигар вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба зарфияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ рӯнамо пешниҳод намуданд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории мутақобил ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот инчунин вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ, хусусан ҳамкории Департаменти монетарии Сингапур ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид






