Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Сеул Нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбари ҳайати тоҷикистонӣ дидгоҳи мамлактро оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.
Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ чор ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои занҷираи таъминот, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ ва фанновариҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа, Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2025 қабул гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






