Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи Роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласа бо мақсади шарҳи натиҷаи ҳамкорӣ дар соли 2024 ва муҳокимаю баррасии Нақшаи корӣ дар соли 2025 доир карда шуд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад оид ба дастовардаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии нашъамандӣ, инчунин вобаста ба ҳамкории судманд бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ сухан гуфт.
Инчунин дар ҷаласа муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Оливер Штолпе суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои амалисозии барномаҳо дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи одамон, офиятбахшии нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими касбияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳошияи ҷаласа намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Оливер Штолпе бо фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.


АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






